Матбуоти даврии
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Гузоришҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон


Сармухаррир

Фарход Рахими

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,

профессор, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,

Доктори илмҳои физикаю математика


       Фарҳод Раҳимӣ 19 сентябри соли 1968 дар шаҳри Панҷакент ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоти олӣ. Доктори илмҳои физикаю математика, профессор, академики АИ Тоҷикистон.

       Соли 1992 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси омӯзгори фанни физика хатм кардааст.

       Солҳои 1992-2005 лаборанти калон, аспирант, муаллими калони кафедраи физикаи умумӣ, докторанти Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва Институти тадқиқоти ядроӣ, муаллими калони кафедраи физикаи назариявӣ, мудири кафедра кафедраи ҳамоҳангсозӣ ва пешгӯии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон.
       Ф.Раҳимӣ муаллифи 4 монографияи илмӣ, 9 китоби таълимӣ, 5 дастури методӣ ва зиёда аз 115 мақолаи илмӣ мебошад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Ҳолланд, Эрон, Қазоқистон, Олмон ва дигар кишварҳо ба табъ расидаанд.

       Мукофоти хукуматии олимони чавон — Мукофоти ба номи. Сомонӣ.

       Соли 2011 бо ордени «Шараф» дараҷаи дуюм мукофотонида шудааст.

       Соли 2012 дар асоси натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва саҳми онҳо дар рушди илми ҷаҳонӣ ӯ барандаи ҷоизаи байналмилалии IVF дар соҳаи илм ва технология гардид.

       Солҳои 2005-2006 дар вазифаи муовини вазири маориф кор кардааст.

       Аз декабри соли 2006 то соли 2013 дар вазифаи муовини аввали вазири маориф кор кардааст.

       Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 6 декабри соли 2013 Фарҳод Раҳимӣ ба вазифаи президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

       Фарҳод Раҳимӣ 14 ноябри соли 2014 аз рӯи ихтисоси «Назарияи физика» академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

       Вазъи оилавӣ: оиладор, соҳиби 5 фарзанд.