Сармуҳаррир![]() Амонзода Илҳом ТемурДоктори илмҳои техникӣАмонзода Илҳом Темур – доктори илмҳои техникӣ, профессор, 8 декабри соли 1970 дар оилаи зиёӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ (собиқ Куйбышев) вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Солҳои 1978-1988 дар мактаби миёнаи рақами №6 ба номи А.Рудакии ноҳияи мазкур таҳсил намуда, фаъолияти меҳнатиашро соли 1988 аз вазифаи челонгари Колонаи механиконидашудаи махсуси (СПМК-7) Вазорати мелиоратсияи РСС Тоҷикистон оғоз намудааст ва то августи соли 1989 дар он кору фаъолият намудааст. Соли 1989 ба Донишкадаи политехникии Фрунзе (Ҷумҳурии Қирғизистон) ба факултети Технологӣ дохил шуда то сентябри соли 1990 дар онҷо таҳсил намудааст. Соли 1990 ба Донишкадаи политехникии Тоҷикистон, факултети Механикию технологӣ, ихтисоси 1201- “Технологияи мошинсозӣ” интиқол ёфта, онро соли 1994 бомувафақият хатм намудааст. Худи ҳамон сол, тибқи тақсимоти хатмкунандагони ҷавон дар кафедраи “Технологияи мошинсозӣ, дастгоҳҳо ва асбобҳои металбурӣ”-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба ҳайси ассистенти кафедра фаъолият кардааст. Солҳои 1994-1998 дар вазифаи ассистенти кафедраи “Технологияи мошинсозӣ, дастгоҳҳо ва асбобҳои металбурӣ”-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ фаъолият кардааст. Солҳои 1998-2001 дар шӯъбаи рӯзонаи аспирантураи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ, кафедраи “Технологияи масолеҳҳои конструксионӣ” таҳсил намуда, рисолаи номзадиамро соли 2003 дар Шурои диссертатсионии Институти химияи ба номи В.И.Никитини Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя намуда, соҳиби дараҷаи “номзадии илмҳои техникӣ” гаштааст. Солҳои 2001-2002 ҳамчун муаллими калони кафедраи “Технологияи мошинсозӣ, дастгоҳҳо ва асбобҳои металбурӣ”-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ фаъолият намудааст. Соли 2002 ба вазифаи Мудири шуъбаи таълими Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ таъин шуда то соли 2003 фаъолият кардааст. Соли 2003 ба тариқи гузариш ба вазифаи Сардори Идораи таълимию методии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ гузаронида шуда дар ин вазифа то соли 2008 кору фаъолият нкардааст. Аз ноябри соли 2008 дар вазифаи Муовини аввали ректор, Муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ фаъолиятро оғоз намуда, то июли соли 2011 дар ин вазифа кору фаъолият намудааст. Аз июли соли соли 2011 то ноябри соли 2013 ба тариқи гузариш ба вазифаи декани факултети Механикию технологии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ гузаронида шуда адои вазифа намудааст. Аз моҳи ноябри соли 2013 ба вазифаи Сардори Идораи таълимию методӣ ва аз августи соли 2014 ба вазифаи Муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ гузаронида шуда, то июли соли 2016 кору фаъолият намудааст. Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №305 аз 11-уми июли соли 2016 ба вазифаи ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таъин гардида, то санаи 29 феврали соли 2024 фаъолият намудааст. Аз моҳи майи соли 2024 ба вазифаи и.в. ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон – раиси Шуъбаи илмҳои физикаву математика, химия, геология ва техникии Академияи миллии илмҳои Тоҷкистон таъин гардидааст. Рисолаи докториашро соли 2020 дар Шурои диссертатсионии назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ҳимоя намудааст. Аз соли 2020 Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовини Раиси Кумита оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо маҷлиси намояндагон, Ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байни парламентӣ мебошам. Узви вобастаи Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Бо Медали Хизмати шоиста (2021), Медали “Совет федерации. 25 лет» (2022), Медали «За укрепление парламентского сотрудничества в ОДКБ» (2022) ва ғ. (дар умум 7адад) Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2006), Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2016). Муаллифи зиеда аз 140 монография, китобу дастурҳои таълимию методӣ, мақолаҳои илмӣ, фишурдаи баромадҳои конференсиҳоя сатҳҳои гуногун ва инчунин 9 патенти хурд ва Авруосиё мебошад. Оиладор, соҳиби 4 фарзанд. |