![]() |
Матбуоти даврӣ |
![]() |
Ахбори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.Шӯъбаи илмҳои чамъиятшиносӣ |
||
Сармуҳаррир
Саломиён Муҳаммаддовуд Қаюм – доктори илмҳои филология, профессор, 12 феврали соли 1967 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 1984 мактаби миёнаро хатм намуда, солҳои 1985-1987 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ хидмати ҳарбӣ кардааст. Соли 1985 ба факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1992 бо гирифтани ихтисоси филолог. муаллими забон ва адабиёти тоҷик хатм мекунад. Муҳаммаддовуд Саломиён солҳои 1992-1993 ба ҳайси муҳаққиқи коромӯзи кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва солҳои 1993-1995 дар аспиранти рӯзонаи ҳамин Донишгоҳ таҳсил кардааст. Соли 1995 ӯ ҳамчун ассистент дар кафедраи таърихи забон ва типологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба фаъолияти омӯзгорӣ шуруъ мекунад. М. Саломиён солҳои 2001-2004 дар вазифаҳои муовини декани факултети филологияи тоҷик оид ба таълим, солҳои 2004-2008 мудири кафедраи таърихи забон ва типологияи ДМТ, солҳои 2008-2013 декани факултети филологияи тоҷики ДМТ кор кардааст. Аз соли 2013 то соли 2018 дар вазифаи дотсенти кафедраи таърихи забон ва типология фаъолият карда, солҳои 2018-2019 мудири кафедраи таърихи забон ва типология интихоб мешавад. Муҳаммаддовуд Саломиён солҳои 2019-2020 дар вазифаи директори Пажуҳишгоҳи рушди маорифи ба номи Абдурраҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон кор кардааст. Аз моҳи январи соли 2020 то моҳи феврали соли 2022 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мегардад. Солҳои 2022-2024 фаъолияти кории худро ба ҳайси президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон идома медиҳад. М. Саломиён баррандаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ӯ дар омода кардани мутахассисони соҳаи маориф ва кадрҳои илмию омӯзгорӣ саҳми арзанда дорад. Бо роҳбарии ӯ даҳ нафар унвонҷӯён рисолаҳои илмии худро дифоъ карда, сазовори дараҷаҳои илмии номзад ва доктори илмҳои филология шудаанд. М. Саломиён муаллифи 4 монография, 5 китоби дарсӣ ва зиёда аз сад мақолаи илмию методӣ ва оммавӣ мебошад. Аз моҳи майи соли 2024 иҷрокунандаи вазифаи ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад. Оиладор, соҳиби чор фарзанд аст. |